ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Июль 21, 2009 11:18

                     Суғд, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъадори вилояти Суғд Файзулло Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми шаш моҳи гузаштаи соли равон дар ҳудуди вилоят 389 килограмм маводи нашъадор мусодира карда шуд. Аз ин ҷумла, 257 килограмм героин мебошад. Ба қавли ӯ, дар ин муддат дар вилоят вобаста ба маводи нашъадор 134 ҷиноят содир карда шуд.                       Ф.Абдуллоев афзуд, ки дар ҷараёни амалӣ сохтани тадбирҳои мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ҳудуди вилоят фаъолияти 7 ташкилоти муташаккили ҷинояткор қатъ карда шуд. Ин ташкилотҳо 23 нафарро муттаҳид сохта, ба қочоқи маводи нашъадор машғул буданд. Ба туфайли дастгир шудани аъзои ин гурӯҳҳои ҷинояткор 23,3 килограмм маводи нашаъдор мусодира карда шуд.                       Муфаттишони раёсати агентии мазкур дар ин муддат нисбати 38 нафар 29 парвандаи ҷиноӣ кушоданд.                       Дар ин муддат дар лавлатҳои ИДМ 27 сокини вилоят барои хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи нашъадор дастгир шуд. Аз ҷумла, дар қаламрави Русия 20 нафар, дар қаламрави Ӯзбекистон 4 нафар, дар қаламрави Қирғизистон 3 нафар дастгир шуданд. Аз онҳо 72 килограмму 165 грамм моддаи нашъадор мусодира карда шуд. Аз ин ҷумла, 58 килограмм героин мебошад, гуфт дар хотима Ф.Абдуллоев.                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А.   

Июль 21, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд