ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ ИНҚИЛОБИ БУЗУРГИ ФАРОНСА
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дирӯз ба муносибати солгарди навбатии Инқилоби бузурги Фаронса ва рӯзи ишғоли Қалъаи Бастилия зиёфати идона орост. Ба он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, дипломатҳо, олимон, ходимони санъату ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ даъват карда шуданд. Аз таърих маълум аст, ки 14 июли соли 1789 дар Париж шӯриши бузург ба амал омад. Шӯришгарон қалъа ва ҳабсхонаи Бастилияро ишғол намуда, маҳбусони сиёсии онро озод намуданд. Аз ҳамон вақт сар карда, 14 июл ҳамчун рӯзи оғози Инқилоби бузурги Фаронса ҷашн гирифта мешавад. Дирӯз дар Фаронса ба ин муносибат расми гузашти низомӣ баргузор гардида, дар назди Манораи Эйфел ва майдони назди қасри президент аз тӯпҳо шиллик парронда шуд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






