ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ ИНҚИЛОБИ БУЗУРГИ ФАРОНСА

Июль 15, 2009 10:02

               Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дирӯз ба муносибати солгарди навбатии Инқилоби бузурги Фаронса ва рӯзи ишғоли Қалъаи Бастилия зиёфати идона орост. Ба он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, дипломатҳо, олимон, ходимони санъату ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ даъват карда шуданд.               Аз таърих маълум аст, ки 14 июли соли 1789 дар Париж шӯриши бузург ба амал омад. Шӯришгарон қалъа ва ҳабсхонаи Бастилияро ишғол намуда, маҳбусони сиёсии онро озод намуданд. Аз ҳамон вақт сар карда, 14 июл ҳамчун рӯзи оғози Инқилоби бузурги Фаронса ҷашн гирифта мешавад.               Дирӯз дар Фаронса ба ин муносибат расми гузашти низомӣ баргузор гардида, дар назди Манораи Эйфел ва майдони назди қасри президент аз тӯпҳо шиллик парронда шуд.

Июль 15, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд