ҚОЧОҚЧИЁНИ ӮЗБЕК ДАСТГИР ШУДАНД
Тошканд, 16 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Дар Ӯзбекистон ду мошини боркаши «КАМАЗ» дастгир карда шуд, ки ба Русия моддаи нашъадори героин мебурд. Ба Хадамоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари муҳофизи қонуни Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки қочоқчиён маводи нашъадорро аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ба воситаи мошинҳои боркаш ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Русия бурдан мехоҳанд. Кормандони мақомоти дахлдор роҳҳои имконпазири ҳаракати мошинҳоро муайян намуда, онҳоро дар роҳи мошингарди Тошканд — Чиноз боздоштанд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо, ба воситаи мошинҳо ба Федератсияи Русия 22 тонна себ бурда мешуд. Вале зимни кофтуков дар зери қуттиҳои себ 20 баста моддаи нашъадори героин ёфт шуд, ки вазни умумии он 126 килограмм буд. Кормандони милиса вобаста ба ин воқеа шаш сокини ноҳияи Бекободро дастгир намуданд. Баъдан боз як сокини ҳамин ноҳия бо гумони шарокаташ ба қочоқи маводи нашъадор дастгир шуд. Нисбати ҷинояткорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






