15-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Август 15, 2009 11:16

                   Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ҳар сол, 17 август дар ҷумҳурӣ рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо тантана ҷашн мегиранд.                   Бахшида ба ин рӯз, 15 августи соли равон дар маҷамааи давлатии «Кохи Ҷомӣ» ба муносибати 15-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чорабинии идона баргузор гардид.                   Дар он паёми табрикии Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, котиби шӯрои амният Амирқул Азимов ба ҳозирон расонид, ки дар он чунин қайд шуда буд, «Дар тӯли 15-соли фаъолияти ин сохтор, ки як ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мо онро дар шароити душвори солҳои аввали фаъолияти давлати соҳибистиқлоламон мисли Артиши миллӣ дар ҷои холӣ, яъне бе мавҷудияти ягон заминаи мусоиди моддиву техникӣ ташкил карда будем, кормандону хизматчиёни он дар садҳо амалиёти наҷотдиҳӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, бартараф намудани оқибатҳои онҳо ва дастрас гардонидани кӯмакҳои башардӯстона чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон фаъолона иштирок кардаанд».                 Инчунин, дар охир консерти идона бо иштироки санъаткорони маъруф баргузор гардид.

Август 15, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ