БАРНОМАҲОИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАНД

Август 18, 2009 16:29

                    Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Айни ҳол шабакаҳои обрасонии панҷ ноҳияи чор минтақаи ҷумҳурӣ тармим карда мешавад.                    Дар вилояти Суғд шабакаи обрасонии «Ашт — 1» пурра барқарор карда хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ бояд тамоми шабакаи обрасонии ноҳияи Ваҳдат тармим карда шавад. Дар вилояти Хатлон шабакаҳои обрасонии ноҳияҳои Фархор ва Панҷ, дар ВМКБ шабакаи обрасонии ноҳияи Рӯшон тармим карда мешаванд. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Бонки рушди Осиё барои тармими шабакаҳои обрасонии зикршуда барномаи махсус таҳия намудаанд. Пардохти хароҷоти ин барномаро Бонки рушди Осиё ба зимма гирифтааст.                   Дар натиҷаи амалӣ сохтани он шароити зиндагии 262 ҳазор сокини деҳот беҳтар хоҳад гашт. Бояд гуфт, ки аз ин ҷумла, 153 ҳазор нафар даромади ночиз мегиранд ва шароити зиндагии онҳо ниҳоят вазнин мебошад. Барнома бояд то соли 2012 пурра иҷро карда шавад. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 18, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд