БЕҚУРБШАВИИ ПУЛ ДАР КИШВАР 3,1 ФОИЗРО ТАШКИЛ КАРД

Август 19, 2009 13:49

                 Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум, ё беқурбшавии пул дар кишвар 3,1 фоизро ташкил намуд.                Аз рӯи иттилои кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра қимати маводи хӯрока 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Ва дар ҳафт моҳи соли равон арзиши маҳсулоти сабади истеъмолии як узви хонавода дар Тоҷикистон 90 сомониро ташкил медиҳад.                 Бонкии миллии Тоҷикистон мизони таваррумро дар соли 2009 ҳудуди 9 фоиз пешбинӣ кардааст. Созмонҳои байналмилалии молиявӣ эҳтимоли ин мизонро болотар 13 — 14 фоиз тахмин мекунанд.                 Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2008 — ум ба гузориши расмӣ дар ҳудуди 11,8 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки таҳлилгарон онро 19-20 фоиз тахмин мекарданд.

Август 19, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд