БЕҚУРБШАВИИ ПУЛ ДАР КИШВАР 3,1 ФОИЗРО ТАШКИЛ КАРД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум, ё беқурбшавии пул дар кишвар 3,1 фоизро ташкил намуд. Аз рӯи иттилои кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра қимати маводи хӯрока 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Ва дар ҳафт моҳи соли равон арзиши маҳсулоти сабади истеъмолии як узви хонавода дар Тоҷикистон 90 сомониро ташкил медиҳад. Бонкии миллии Тоҷикистон мизони таваррумро дар соли 2009 ҳудуди 9 фоиз пешбинӣ кардааст. Созмонҳои байналмилалии молиявӣ эҳтимоли ин мизонро болотар 13 — 14 фоиз тахмин мекунанд. Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2008 — ум ба гузориши расмӣ дар ҳудуди 11,8 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки таҳлилгарон онро 19-20 фоиз тахмин мекарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






