«ЧАРОҒ» ЛАМПАИ КАММАСРАФ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- Бонки рушди Аврупо барои таҷдиди корхонаи истеҳсолкунандаи воситаҳои барқӣ — и шаҳри Исфара дар асоси амалисозии барномаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва саноат хатти нави технологиро ба роҳ мемонад. Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, амалисозии лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лампаҳои каммасрафи исеҳсоли ватанӣ таъмин гардад. Ногуфта намонад, ки алҳол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин навъи лампаҳо бо нархҳои гарон ворид мегарданд. Бо иқтидори пурра ба кор оғоз кардани ин корхона имкон медиҳад, ки дар як рӯз то 30 ҳазор лампаи каммасраф истеҳсол гардад. Ҳоло таҷдиди хатти нави технологӣ давом дорад. Дар назар аст, ки истеҳсоли маҳсулоти ин корхона то охири сол дастраси мардум гардонида шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






