«ЧАРОҒ» ЛАМПАИ КАММАСРАФ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

Август 14, 2009 09:56

                Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- Бонки рушди Аврупо барои таҷдиди корхонаи истеҳсолкунандаи воситаҳои барқӣ — и шаҳри Исфара дар асоси амалисозии барномаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва саноат хатти нави технологиро ба роҳ мемонад.                 Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, амалисозии лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лампаҳои каммасрафи исеҳсоли ватанӣ таъмин гардад.                 Ногуфта намонад, ки алҳол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин навъи лампаҳо бо нархҳои гарон ворид мегарданд.                 Бо иқтидори пурра ба кор оғоз кардани ин корхона имкон медиҳад, ки дар як рӯз то 30 ҳазор лампаи каммасраф истеҳсол гардад.                 Ҳоло таҷдиди хатти нави технологӣ давом дорад. Дар назар аст, ки истеҳсоли маҳсулоти ин корхона то охири сол дастраси мардум гардонида шавад.

Август 14, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид