ФАЛОКАТ ДАР РОҲ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).-Шаби 17 август дар роҳи Қӯрғотеппа-Ҷалолиддини Румӣ ронандаи мошини сабукрави «Опел-Астра» Усмоналӣ Абдулманонов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо мошини боркаши «Зил», ки ронандааш Аловуддин Сайфиддинов буд, бархӯрд. Дар натиҷаи садама ронандаи мошини сабукрави «Опел-Астра» ва ду мусофир ба ҳалокат расида, се мусофири дигари ҳамин мошин ба шифохона фиристода шуданд. 16 август дар роҳи Душанбе-Кӯлоб ронандаи мошини «ДЭУ -Сиело» аз ӯҳдаи идораи мошин набарома ва дар натиҷа мошин аз ҷарии баландиаш 92 метр сарозер шуд. Дар натиҷаи фалокат се мусофир ҳалок ва як мусофир ба шифохона фиристода шуд. Чуноне ки аз дафтари матбуотии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 фалокати нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, дар натиҷаи онҳо 13 нафар ҳалок ва 49 нафар маҷрӯҳ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






