КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАҲОИ КӮЛИ САРЕЗ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз 2 то 4 сентябри соли равон дар шаҳри Норак дар мавзӯи «Кӯли Сарез, вазъияти имрӯза, таъмини бехатарӣ ва истифодаи оқилонаи оби он» конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагони конфронс Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНЕСКО ва Муассисаи рушди СММ мебошанд. Ҳадафи конфронс дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии имконияти кандашавии банди оби кӯли Сарез ва дар асоси тадқиқоти илмӣ оқилона истифода бурдани захираҳои оби он мебошад. Кӯли Сарез дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 1911 дар натиҷаи зилзилаи шадид ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи зилзила қариб 2 километри мукааб хоку санг фурӯ рехта, маҷрои дарёи Мурғобро баст. Бо ҳамин сабаб деҳаҳои Усой ва Сарез зери об монданд. Алҳол баландии банди оби кӯли Сарез 567 метр, чуқурии оби он бештар аз 500 метр, масоҳати сатҳи оби кӯл қариб 80 километри мураббаъ ва ҳаҷми оби он қариб 17 километри мукаааб мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






