МАҶЛИСИ ҲАЙАТҲОИ МУШОВАРАИ ВКД ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ҚАЗОН Б
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 19 то 23 августи соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия маҷлиси муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду мамлакат таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии онҳо Абдураҳим Қаҳҳоров ва Рашид Нургалиев иштирок хоҳанд кард. Инчунин аз Тоҷикистон дар ин маҷлис сардори раёсати ташкилӣ ва назорати ВКД, генерал — майори милиса Тоҳир Норматов ва роҳбари дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин маҷлисҳои муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ҳар сол гузаронида, дар онҳо ҳамкории ҳар ду вазорат дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва терроризм муҳокима карда мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






