МАШҚГОҲИ НАҶОТДИҲАНДАГОН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Август 15, 2009 11:58

                     Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бахшида ба 15-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази таъиноти махсус оид ба иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд «Машқгоҳи Наҷотдиҳандагон» ба истифода дода шуд, иттилооъ дод афсари «Маркази Наҷотдиҳӣ» Нуқра Набиева.                      Иншооти мазкур бо дастгирӣ ва кумакӣ корпуси наҷотдиҳии Давлати Швейтсария тибқи барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба кам намудани хавфи офати табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра аз тарафи сарбозону афсарони КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.                     Дар маросими кушодашавии машқгоҳ раиси КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайбулло Латипов иштирок намуда, тамоми наҷотдиҳандагонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии 15-умин солгарди таъсисёбии КҲФ ва МГ табрик намуд ва барояшон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бурдбориҳо таманно кард.                    Дар охири ҷамъомад барои иштирокчиён дар мавзӯи «Эҳтимолияти рух додани ҳодисаи нохуш, заминларза» аз тарафи гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии «Маркази Наҷотдиҳӣ» бо истифодаи воситаҳои махсуси наҷотдиҳӣ машқи намунавӣ намоиш дода шуд.  

Август 15, 2009 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд