МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Август 7, 2009 09:51

                   Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Қирғизистон Қодирбек Сорбоев вазъи имрӯза ва нақшаҳои дурнамои густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар муҳокима карда шуданд. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои он маълумот дод. Аз ҷумла, сухан дар бораи натиҷаҳои маҷлиси нахустини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат рафт. Қ.Сорбоев зикр намуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тайёр карда шудани рӯзномаи маҷлиси нахустини қарибулвуқӯи Шӯрои олии байнидавлатии ҳамоҳангсози сарони ҳар ду давлат хабар додааст. Мо пешакӣ маслиҳат кардем, ки маҷлиси нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ дар қаламрави Қирғизистон гузаронида шавад. Мӯҳлати гузаронидани он бо роҳҳои дипломатӣ муқаррар карда хоҳад шуд. Ҳаминаш мусаллам аст, ки маҷлиси мазкур соли равон баргузор мегардад, гуфт Қ.Сорбоев.                  Қайд шуд, ки дар ҷараёни маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дар бобати гузаронидани маҷлиси нӯҳуми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон паймон карда шуд. Маҷлиси мазкур рӯзҳои 29 ва 30 сентябр дар шаҳри Ӯш гузаронида мешавад.                   Қ.Сорбоев дар ҷавоби саволи хабарнигорон роҷеъ ба муҳокимаи масъалаи муқаррар намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷавоб дода, зикр намуд, ки ин масъала зимни мулоқот муҳокима карда нашуд. Гурӯҳҳои кории ҳар ду мамлакат кори худро давом медиҳанд. То имрӯз ягон проблемаи ҷиддие ба миён намомадааст, ки дар сатҳи олӣ муҳокима карда шавад, гуфт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон.  

Август 7, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад