НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бахшида ба 15 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кориро таҳия намуд. Тибқи он дар тамоми муассисаҳои таълимию қисмҳои низомӣ ва он ҷойҳое, ки ҷавонон фаъолият доранд чорабиниҳои гуногунро баргузор менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдураҳмон Хонов иттилоъ дод, чорабиниҳои мазкур аз 25 август то охири моҳи ноябри соли равон дар марказҳои фарҳангии ҷовонони Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷавонон» баргузор мегарданд. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки «мо аллакай аз ҳисоби олимону донишмандон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ як гурӯҳи таблиғоти таъсис додем, ки ин чорабиниҳоро амали месозанд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани ин чорабиниҳо пеш аз ҳама ин баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон, маърифати ҳуқуқии онҳо, ҳамчунин ба ҷавонон фаҳмондани мазмуну моҳияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мебошад».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






