НАТИҶАҲОИ «ИДИ АСАЛ – 2009»

Август 17, 2009 16:08

                      Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои 15 ва 16 августи соли равон дар Боғи «Дӯстии халқҳо» иди асал баргузор гардид. Дар он бештар аз 50 хоҷагии занбӯрпарварии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат маҳсули дастони худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Иди асал имсол бо ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати мамлакат гузаронида шуд. Ҳадафи он боз ҳам бештар тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ мебошад.                     Дар ярмарка хоҷагиҳои давлатию деҳқонӣ ва хусусии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Онҳо бештар аз 18 навъи асалро ба харидорон пешкаш намуданд.                    Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни занбӯрпарварон ҷои аввал насиби занбӯрпарварони вилояти Суғд гардид. Ҷойҳои дуюмро занбӯрпарварони ноҳияи Рашт ва Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» ва ҷойҳои сеюмро занбӯрпарварони ВМКБ ва муассисаҳои давлтии «Хоҷагии ҷангал ва шикор» ишғол намуданд. Мукофоти асосии озмун насиби занбӯрпарварони вилояти Хатлон гардид.  

Август 17, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид