ОЗМОИШГОҲИ НАХУСТИНИ МИКРОБШИНОСӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

Август 19, 2009 11:17

                   Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 18 август дар рӯзи таҷлили Иди касбии кормандони соҳаи тибби мамлакат дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нахустини серсоҳаи микробшиносӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Озмоишгоҳ дар заминаи Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ташкил карда шуд. Директори муассисаи мазкур Самариддин Алиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ҳадафи асосии ташкили озмоишгоҳ пешгирии паҳн гардидани бемориҳои хавфноки сирояткунанда дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Озмоишгоҳ мувофиқи Нақшаи миллии пешгирии бемориҳои хавфноки сирояткунанда ифтитоҳ карда шуд, ки бояд дар давоми чор сол иҷро карда шавад. Вазифаи асосии кормандони озмоишгоҳ сари вақт ошкор намудани одамоне мебошад, ки ба навъҳои гуногуни бемориҳои грипп ва бемориҳои дигари сирояткунанда гирифтор шудаанд.                  Озмоишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Бонки ҷаҳонӣ тармим карда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таҷҳизонида шуд. Бонки ҷаҳонӣ бо ин мақсад 180 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд. Асбобу анҷоми озмоишгоҳ асосан сохти Олмон мебошанд. Ҳоло дар ин ҷо чор духтур ва як ёрдамчии онҳо кор мекунанд. Мутахассисон дар курсҳои кӯтоҳмуддати Алмаато, Туркия ва Миср роҳу усулҳои истифодаи асбобу анҷом ва таҷҳизотро омӯхтанд. Илова бар ин, мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар давоми ду ҳафта бо онҳо машғулиятҳо гузарониданд.                   Фаъолияти озмоишгоҳро Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ назорат мекунанд. Натиҷаи ташхиси хуни одамоне, ки ба бемориҳои вазнини сирояткунанда гирифтор шудаанд, барои аниқ кардани беморӣ ба Лондон ва Русия фиристода мешаванд.                 С.Алиев дар фарҷоми сӯҳбат изҳор намуд, ки чунин озмоишгоҳҳо айни ҳол дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон истифода карда мешаванд. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон боз як озмоишгоҳи махсус кушода хоҳад шуд, гуфт вай.                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 19, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад