СӮХТОРИ КАЛОН ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 19 август соати 12 — у 30 дақиқа дар бинои №13 кӯчаи Ҷаббор Расулов ҳавзи калони битуми сохтмонӣ даргирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд. Баробари расидани хабари сӯхтор дастаҳои сӯхторхомӯшкунандагон ба маҳалли воқеа фиристода шуданд. Сӯхтор соати 14 пурра хомӯш карда шуд. Ба туфайли тадбирҳои фаврӣ ва оқилонаи сӯхторхомӯшкунандагон тамоми битуми сохтмонии дар ҳавзбуда аз оташ наҷот дода шуд. Инчунин паҳн гардидани сӯхтор ба анбори нафт пешгирӣ карда шуд, ки дар шафати ҳавзи битум воқеъ буд. Айни ҳол сабабҳои рух додани сӯхтор ва гунаҳкорони он муқаррар карда мешаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






