САФАВӢ: «ТОҶИКИСТОН ҚУТБИ ТУРИЗМИ ҶАҲОНӢ ХОҲАД ШУД»
Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои рушдёфтаи туристӣ дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд», гуфт зимни мусоҳибааш бо хабарнигори радиои миллии Эрон мудири равобити умумии ЭКО Муҳаммади Сафавӣ. М. Сафавӣ зимни нақли таасуроташ аз сафари Тоҷикистон ин кишвари офтобиро «Шветсария»- и дуюм дар минтақаи Осиёи Маркзӣ арзёбӣ кард. Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби кӯҳиаш ва олами бои набототаш дорои захираҳои бузурги туристӣ мебошад, ки дар оянда метавонад ба як кишвари рушдёфтаи туризм дар минтақа табдил ёбад. Бояд тазаккур дод, ки М. Сафавӣ чанде пеш бо сафари корӣ дар ҳайати намояндагони ЭКО ба Душанбе омада буд.Дар ин хусус аз қароргоҳи марказии ЭКО воқеъ дар Теҳрон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






