ТАЙЁРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАШВАРАТИ ВАРШАВА

Август 14, 2009 10:01

                       Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда беш аз 100 нафар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ оид ба корҳои тайёрӣ дар баргузории ҷаласаи ҳарсолаи Шӯрои Амнияти Иттиҳоди Аврупо (ОБСЕ), оид ба мавзӯи қадри инсон, ки моҳи сентябр дар Варшава баргузор мегардад, ҷамъомади худро дар Душанбе доир намуданд.                       Ин вохӯрӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ташкилоти намояндагии Тоҷикисон оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Институти даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон доир гардид.                      Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои «Демократия ва интихобот», «ВАО ва дастрасии иттилоот», «Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сохтори судӣ», «Масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Ислоҳоти ҳарбӣ» ва ҳамчунин аз мушкилоти датрасӣ ба маҳбасхонаҳо, экология, ҳуқуқи гурезаҳо, ақалиятҳои миллӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқ ба моликият, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба зан мавриди муҳокима қарор ёфтанд.                     Ташкилкунандагони ин вохӯрӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда, нуқтаи назари худро дар асоси таклифу тавсияҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Август 14, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд