ТАЪЛИМ СОЛ ТО СОЛ ДАР МАКТАБ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- дар шӯбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар соли таҳсили 2008 — 2009 хонандагони мактабҳои ноҳия дар асоси чорабиниҳои Вазорати маориф ва кормандони соҳаи таълими ноҳия дар даврҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Бахусус иштироки хонандагони мактабҳои рақами 1, 15, 16, 67, мактаб — парваришгоҳи солимгардонӣ, гимназияи тоҷикӣ — русӣ, гимназия барои бачагони лаёқатманд ва гимназияи ба номи Расул ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз 38 нафар хонандагони дар даври минтакавии олимпиада иштирок карда, 32 нафар ба даври минтақавии ноҳияҳои тобеи марказ роҳхат гирифтанд. 26 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3, -юм гардиданд. Ниҳоят ба даври ҷумҳуриявии олимпиада, ки танҳо синфҳо 11 -ум иштирок намуданд, 6 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуданд. Масъалаи дар соли хониши 2009 — 2010 боз ҳам беҳтар гардонидани иштироки хонандагон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар машварати августии муаллимон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад,- иброз доштанд дар шӯъбаи маориф.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






