ТЕЛЕВИЗИОНИ «ХАТЛОН» ПАХШИ БАРНОМАҲОЯШРО ДАВОМ МЕДИҲАД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳамроҳ Салимов сардори раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъин шуд. Дар маросими муаррифии ӯ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов иштирок намуданд. Ҳ.Салимов дар ин вазифа Сайдалӣ Бобохоновро иваз кард, ки бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод гардида буд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Телерадиоком» 1 августи соли равон фаъолияти телевизиони «Хатлон» — ро муваққатан боздошта буд. Сабаби боздоштани фаъолияти телевизиони мазкур қарзи калони он мебошад. Директори генералии «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев зикр намуд, ки маблағи қарзи телевизиони Хатлон 239 ҳазору 711 сомониро ташкил медиҳад. Мо як моҳ пеш аз боздоштани фаъолияти телевизиони мазкур роҳбарияти онро огоҳ намуда, барои пардохтани қарз як моҳ мӯҳлат додем. Вале онҳо огоҳии моро ба инобат нагирифтанд. Баъдан, баъди огоҳии такрорӣ аз ҳисоби пардохти қарз 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Айни ҳол ҷадвали махсус тартиб дода шудааст, ки маблағи қарз мувофиқи он давра ба давра пардохта мешавад. Телевизиони «Хатлон» пахши барномаҳояшро аз 4 август дубора шурӯъ намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






