ТЕЛЕВИЗИОНИ «ХАТЛОН» ПАХШИ БАРНОМАҲОЯШРО ДАВОМ МЕДИҲАД

Август 19, 2009 09:55

                       Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳамроҳ Салимов сардори раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъин шуд. Дар маросими муаррифии ӯ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов иштирок намуданд.                      Ҳ.Салимов дар ин вазифа Сайдалӣ Бобохоновро иваз кард, ки бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод гардида буд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Телерадиоком» 1 августи соли равон фаъолияти телевизиони «Хатлон» — ро муваққатан боздошта буд. Сабаби боздоштани фаъолияти телевизиони мазкур қарзи калони он мебошад. Директори генералии «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев зикр намуд, ки маблағи қарзи телевизиони Хатлон 239 ҳазору 711 сомониро ташкил медиҳад. Мо як моҳ пеш аз боздоштани фаъолияти телевизиони мазкур роҳбарияти онро огоҳ намуда, барои пардохтани қарз як моҳ мӯҳлат додем. Вале онҳо огоҳии моро ба инобат нагирифтанд.  Баъдан, баъди огоҳии такрорӣ аз ҳисоби пардохти қарз 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.  Айни ҳол ҷадвали махсус тартиб дода шудааст, ки маблағи қарз мувофиқи он давра ба давра пардохта мешавад. Телевизиони «Хатлон» пахши барномаҳояшро аз 4 август дубора шурӯъ намуд.  

Август 19, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид