38 САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ЯК ҲАФТА
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи иттиллои дафтари матбуоти раёсати бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ аз 7 то 13 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 14 нафар ба ҳалокат расида 56 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Дар ноҳияи Айнӣ як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3102» Зафар Негматов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 137-ум қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накард. Дар натиҷа ронанда ва як мусофири он ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур бистарӣ гардиданд. Инчунин дар ноҳияи Ишкошим ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2410» Атомамад Азизмадов ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Шамбеде аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарахт бархӯрд. Дар натиҷа ду мусофири он дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, ронанда ва мусофири дигари он аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






