38 САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ЯК ҲАФТА

Сентябрь 14, 2009 14:42

                 Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи иттиллои дафтари матбуоти раёсати бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ аз 7 то 13 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 14 нафар ба ҳалокат расида 56 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.                   Дар ноҳияи Айнӣ як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.                  Ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3102» Зафар Негматов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 137-ум қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накард. Дар натиҷа ронанда ва як мусофири он ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур бистарӣ гардиданд.                Инчунин дар ноҳияи Ишкошим ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2410» Атомамад Азизмадов ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Шамбеде аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарахт бархӯрд. Дар натиҷа ду мусофири он дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, ронанда ва мусофири дигари он аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

Сентябрь 14, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад