Д.НАЗАРОВ ДАР ҶОИ ПАНҶУМ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Рӯзҳои 12 – 13 сентябр дар шаҳри Салоникии Юнон мусобиқоти қаҳрамонии варзишгарони сабуки ҷаҳон баргузор гардид. Дар он гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров иштирок дошт ва ҷои панҷумро ишғол намуд. Ӯ гурзро ба масофаи 77 метру 14 сантиметр партофта, дар байни 8 нафар варзишгари беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндаи Словения Примош Козмуш гурзро аз ҳама дуртар, ба масофаи 79 метру 80 сантиметр партофта, ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюмро варзишгари Латвия Игор Соколов, ҷои сеюмро варзишгари Маҷористон Крижтиан Форс, ҷои чорумро варзишгари Русия Алексей Загорний, ҷои панҷумро Дилшод Назаров, ҷои шашумро намояндаи Лаҳистон Шимон Циолковский, ҷои ҳафтумро варзишгари Хорватия Андреас Наклитс ва ҷои ҳаштумро намояндаи Кувайт Муҳаммад Алзинқавӣ ишғол намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






