ДАР АФҒОНИСТОН БЕМОРИИ ВАБО ПАҲН МЕГАРДАД
Кобул, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Вазорати тандурустии Афғонистон рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар баъзе вилоятҳои мамлакат, аз ҷумла, шаҳри Кобул паҳншавии бемории вабо ба қайд гирифта шуд. То рӯзи якшанбе дар миқёси мамлакат 673 бемор ба қайд гирифта шуд. Ба минтақаҳое, ки шумораи беморон зиёданд, гурӯҳҳои духтурон ва санитарҳо фиристода шуданд. Онҳо манбаъҳои паҳншавии бемориро муайян намуда, барои пешгирии он тадбирҳо меандешанд. Бояд гуфт, ки дар саросари Афғонистон системаи канализатсия вуҷуд надорад, ҳамаи ахлот ва ифлосиҳо ба ҷӯю дарёҳо партофта мешаванд. Бинобар ин нӯшидани оби онҳо барои саломатӣ хавфи калон дорад. Қайд карда мешавад, ки системаи канализатсия танҳо дар намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва маҳалли хонаҳои баландошёна мавҷуд аст, ки солҳои 80 – уми асри гузашта бо кӯмаки техникии Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудаанд. Мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ барои рушди Афғонистон миллиардҳо доллар сарф кунанд ҳам, барои бунёди системаи канализатсия дар ин мамлакат ягон чора намеандешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






