ДАР ТУРКИЯ БОРИШИ БОРОН ДАВОМ ДОРАД
Анқара, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Хабар дода мешавад, ки дирӯз шаҳри курортии Аланияи Туркияро тӯфони баҳрӣ фаро гирифт. Дар натиҷа 7 нафар, аз ҷумла, сайёҳони хориҷӣ осеб диданд. 12 сентябр тамоми рӯз дар ин минтақа борони шадид борида, шамоли сахт вазид. Дар натиҷа чандин биноҳо хароб гардиданд. Одамон аз шиддати вазиши шамол ҳатто ба кӯча баромада наметавонистанд. 13 сентябр дар вилояти Тоҳирдоғ дар натиҷаи борони шадид сел омада, маҳалҳои аҳолинишинро пахш намуд. Мақомоти мамлакат барои ба маҳалли бехатар кӯчондани аҳолӣ қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла, танкҳо ва чархболҳоро сафарбар намуданд. Дирӯз дар ин ҷо корхонаи хишт, ки аз чанд ошёна иборат буд, зери об монд. 200 нафар коргарони он ба воситаи чархболҳо аз маҳалли фалокат бароварда шуданд. Дар вилоятҳои Бурс, Чаноққалъа ва Адирни роҳҳои мошингардро сел шуста харобу валангор намуд. Дар вилоятҳои Мерсин ва Адан бориши борон чандин шабонарӯз боз қатъ намегардад. Тавре хабар дода шуда буд, дар Истамбул 8 – 9 сентябр бар асари боридани борони шадид ва обхезӣ 33 нафар ҳалок ва 9 нафар бе ному нишон гум шуд. Сели шадид дар давоми рӯзҳои охир сабаби қатъ гардидани ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






