КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 17 сентябр мувофиқи дастури Президенти мамлакат ва бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба мактаб-интернати №1-и ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки башардӯстона расонида шуд. «Амонатбонк» ба мактаб-интернат ловозимоти мактабӣ ва фурӯзонакҳои каммасраф тӯҳфа кард. Ин кӯмаки дуюми «Амонатбонк» ба мактаби мазкур дар моҳи шарифи Рамазон мебошад. Ёдовар мешавем, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар давоми чанд соли охир ба мактаб-интернати №1-и ноҳияи Рӯдакӣ кӯмак мерасонад. Маблағи умумие, ки дар моҳи шарифи Рамазон «Амонатбонк» ба мактаб-интернат сарф кардааст, 8 ҳазору 130 сомниро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






