СОХТМОНИ СИСТЕМАИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР БЕМОРХОНА
Кӯлоб, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб як системаи обтаъминкунӣ барои беморхона ва аҳолии деҳот мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи он 368529 сомониро дар бар мегирад, гуфт сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб Маҳмадназар Талбаков ва афзуд, ки маблағи 162 686 сомонии дигар барои болопӯши бинои шӯъбаи бемориҳои сироятӣ ҷудо гардида буд, ки айни ҳол таъмири он ба итмом расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ бинои нави бемориҳои сироятӣ аз ҳашт утоқ иборат буда, 30 нафар бемор метавонанд дар ин бино муолиҷа гиранд. Маблағгузорӣ барои таъмир ва сохтмон аз тарафи Бонки Рушди Осиё ҷудо гардида, то ин ҷониб дар шаҳри Кӯлоб беш аз 1 миллион сомонӣ корҳо ба итмом расонидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






