ҶАЛБИ ИНВЕСТИТСИЯИ ХОРИҶӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Портфели лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати якуми октябри соли равон 59 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии он 1,842 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Раҳматбоев. Мавсуф афзуд, ки азхудкунии маблағҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 210,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ҷараён мегирад. Дар баробари ин дар ин давра ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ зиёда аз як миллиард сомониро ташкил медиҳад. Кумита барои ҷалби бештари сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат диски нави инвеститсионӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, барои густариши ҳамкориҳо якчанд форум ва вохӯриҳо бо соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ, Хорватия, Хитой, Туркия, Федератсияи Руссия, Олмон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳиндустон гузаронида шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






