3,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ФОИДАИ СОФ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз идораи марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта оид ба фаъолияти «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони шӯъбаҳо, филиалҳо, сардорони раёсатҳои гуногуни бонк, инчунин намояндагони дигар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонишини раиси бонки давлатии амонатгузорӣ Гулнора Ҳасанова бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад карда, қайд намуд, ки новобаста ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, «Амонатбонк» дар нӯҳ моҳи соли равон ба муваффақиятҳо ноил шуд. Сохторҳои бонк аз амалиётҳои бонкӣ ва хизматгузории бонкӣ 3,2 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда, ҳаҷми ибтидоии капитали бонкро 109 миллион сомонӣ зиёд карданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 9015 мизоҷон ба андозаи 160 миллион сомонӣ қарз дода шуд. «Яке аз муваффақиятҳои асосии бонк барқарор кардан ва тақвият бахшидани муносибатҳои корӣ ва судманд бо муассисаҳои молиявии ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла, «Амонатбонк» бо Бонки Давлатии рушди Чин Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонид. Ҳамзамон ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, инчунин дигар ташкилотҳои молиявӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии мамлакат идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






