5 ҲАЗОР ОСОРИ ХАТТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Дар Душанбе миёни Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид – и Аморати Муттаҳидаи Араб Созишнома оид ба барқароркунии дастнависҳо ва китобҳои қадимӣ ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Академии улуми мамлакат Мамадшо Илолов ва аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷумъа – ал – Маҷид имзо карданд. Дар доираи Созишнома 21 октябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид маросими кушодашавии коргоҳ барои барқарорсозии дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои Тоҷикистон барпо шуд. Коргоҳ бо технологияи муосир ба арзиши 100 ҳазор доллари ИМА таҷҳизонида шудааст. Ёдрас мешавем, ҳайати кории Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии раиси Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе қарор доранд. Бояд қайд кард, ки аксарияти дастнавис ва мероси қадимаи хаттии мардумони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд ва шумораи онҳо зиёда аз 5 ҳазор нусха мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






