80 ФОИЗИ КАРТОШКА ДАР РАШТ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДИД
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Диловар Эшонов, соли равон канда ҷамъоварӣ намудани картошка нисбат ба соли гузашта тезтар анҷом меёбад. Ҳоло дар ноҳия аз 1430 гектар майдони картошказор 1174 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки он баробари 80 фоизи замини кишти картошкаро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ дар заминҳои ноҳия асосан ду навъи картошка; «Кординал» ва «Пикасо» кишт карда шуд, ки ба иқлими ноҳия хеле мувофиқ мебошанд. Қартошкапарварони ноҳия то 15 –уми октябр аз майдони 1174 гектар 29 ҳазору 401 тонна картошкаи баландсифати «Кординал» ва «Пикасо» ҷамъоварӣ намуда, беш аз 10 ҳазор тоннаи онро ба бозор бароварданд. Имсол хоҷагиҳои деҳқонии «Бахт» ва «Назаровҳо» нисбатан ҳосили фаровон рӯёнида, ҳосилнокии ҳар гектар замни картошказорро ба 380 – 400 сентнерӣ расониданд. Ба гуфти мутахассисон, дар дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳосили рӯёнидашуда аз ин камтар нест.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






