АЛАНГАИ ОТАШ ТАРАБХОНАРО БА КОМИ ХУД КАШИД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 4 октябр дар қаҳвахонаи тобистонаи «Фирдавсӣ»-и ҶДММ «Зариф и Ко» воқеъ дар кӯчаи Н. Қаробоеви пойтахт, ки ба соҳибмулки 32 сола Одил Мирзоев тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, алангаи оташ масоҳати 100 метри мураббаъро фаро гирифта ба ҳудуди таваққуфгоҳе, ки зиёда аз 40 автомашинаи сабукрав меистод, таҳдид мекард. Ба ҷои ҳодиса 4 адад автомашинаҳои сўхторхомўшкунӣ фиристода шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда, ба зудӣ хомӯш карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар рафти хомӯш кардани сӯхтор дар дохили анбори қаҳвахона аз таъсири зиёди гармӣ ва баландшавии фишори газ зарфи «балони гази карбон» таркид. Хушбахтона ягон кас осеб надид, — гуфт К. Абдуллоев. Аз тарафи кормандони таҳқиқи ХДО муайян карда шуд, ки анбор ва таваққуфгоҳи мазкур, ҳамчун иҷора дар ихтиёри шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон Абдул Нофеъ Нидом тааллуқ дорад. Дар он оддитарин қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор риоя нашудааст. Сабаб ва гунаҳкор муайян карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






