БАРОИ «ШИРИН» 13000 $
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ даҳҳо ҳодисаи содир кардани ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта вобаста ба хариду фурӯши замин, ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, дар вилояти Хатлон раиси хоҷагии деҳқонии «Насим»-и ноҳияи Қумсангир Раҳимов Файзали аз шаҳрванд «Т» барои ҷудо намудани қитьаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои корами хоҷагии деҳқонӣ ғайриқонунӣ маблағи 2000 доллари ИМА гирифтааст. Санҷиш муайян кард, ки Раҳимов Ф. ваколати ҷудо намудани заминро надошта бо истифода аз мақоми хизматӣ ва фиреб ин амалро анҷом дода ба шаҳрванд «Т» ба маблағи 2000 доллари ИМА зарари моддӣ расонидааст. Нисбати Раҳимов Ф. аз тарафи шӯьбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо моддаи 247 қ.3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ он барои баррасӣ ба суд фиристонида шудааст. Ҳамчунин сардори хоҷагии деҳқонии «Ширин» Хурамов Сангмурод Исматович аз шаҳрванд «А» бо ваъдаи ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ширин», 13 000 доллари ИМА талаб мекунад. Хурамов С. моҳи сентябри соли 2008 ба миқдори 54 сар гӯсфанд баробар ба 7000 доллари ИМА ва 1020 сомонӣ; моҳи марти соли 2009 1 сар гӯсфанд ба маблағи 200 сомонӣ гирифтааст. Ҳамин тариқ Хурамов С. аз шаҳрванд «А» ҷамъулҷамъ ба маблағи 7000 доллари ИМА ва 1220 сомонӣ пора гирифтааст. Вобаста ба ин амали Хурамов С. аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ ба суд фиристонида шудааст. Аз тарафи кормандони Агентӣ 10 августи соли 2009 дар назди бинои маъмурии КФББТ — и ноҳияи Рӯдакӣ Шарофиддинов Раҳматулло корманди масъули КФББТ-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 250 доллари ИМА дастгир карда шуд. Номбурда аз шаҳрванд «У» барои тайёр намудани шиносномаи техникии хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рӯдакӣ маблағи 250 доллари ИМА пора талаб карда буд. Нисбати Шарофиддинов Р. аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 324-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






