БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ТАТБИҚИ ЛОИ&#1202А&#1202ОИ НАВ ДАР ПОЙТАХТ МАНФИАТДОР АСТ

Октябрь 23, 2009 09:38

                 Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 октябр Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти раёсати директори минтақавии Бонки мазкур оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Мотоо Кониширо ба ҳузур пазируфт.                  Аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷараёни татбиқи бовусъати Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.                  Ҳамчунин, мусоҳибон таҳияву татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсиониро барои пешрафти фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидори пойтахт бо оби нӯшокӣ баррасӣ карданд.

Октябрь 23, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш