БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ НАВ ДАР ПОЙТАХТ МАНФИАТДОР АСТ
Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 октябр Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти раёсати директори минтақавии Бонки мазкур оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Мотоо Кониширо ба ҳузур пазируфт. Аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷараёни татбиқи бовусъати Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад. Ҳамчунин, мусоҳибон таҳияву татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсиониро барои пешрафти фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидори пойтахт бо оби нӯшокӣ баррасӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






