ФАҚЕҲОНИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар Душанбе дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Фақеҳони исломӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони як қатор вазорату муассисаҳо, ташкилотҳои динӣ ва васоити ахбори омма иштирок карданд. Ҷараёнҳои динӣ дар Тоҷикистон, нақши фақеҳони тоҷик ва рӯҳониён дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муносибати рӯҳониён ба равандҳои сиёсӣ, муносибат байни фақеҳони исломӣ ва зиёиён, муносибати давлат ба уламо ва авзои динӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ин чорабинӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар мизи мудаввар муаррифии китоби сиёсатшиноси шинохта Абдулло Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» сурат гирифт. Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти уламои исломӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дар бораи равияҳои динии дар мамлакат амалкунанда, нақл карда мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






