ФАКУЛТАИ НАВ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Ҳайбулло Латифов дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи Кумита изҳор кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 168 ҳодисаҳои офати табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 44 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок шуданд. Ҳамчунин бар асари офатҳои табиӣ ба 2500 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар расонида шуд, ки аз ин шумора 500 хона пурра валангор гардидааст. «Хисороти молӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз офатҳои табиӣ 99 252 700 сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 12 миллион сомонӣ зиёд мебошад» — гуфт Ҳ.Латифов. Айни ҳол дар Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2014» факултаи алоҳидаи «Мудофиа дар ҳолатҳои фавқулодда» кушода шуда 27 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






