КИШТИ ТИРАМОҲӢ ИДОМА ДОРАД

Октябрь 14, 2009 12:19

                  Восеъ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кишоварзони ноҳияи Восеъ гарчанд ба ғунучини пахта машғул бошанд ҳам, аксари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба кишти тирамоҳӣ шурӯъ намуданд. Яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия хоҷагии тухмипарвари «Шарифҷон» ба шумор — рафта дар майдони 20 гектар сабзӣ, 50 гектар кишти пиёз, 60 гектар кишти картошка ва 200 гектар кишти ғаллаи хушсифат гузаронидаанд, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Тавре роҳбари хоҷаги Лашкарӣ Мирзоев иброз дошт аз тарафи хоҷагӣ ба миқдори 500 килограм гандум, 500 килограм орд, 200 килограм бодиринг ба хона -интернати бепарасторони ҷамоати деҳоти Пахтаобод ёрии амалӣ расонида шуд. Имсол аз тарафи хоҷагӣ ба 100 оилаи камбизоат ба миқдори 5 тонна гандум кӯмак расонда шудааст.  

Октябрь 14, 2009 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад