КОНФРОНСИ МИЛЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дирӯз дар меҳмонхонаи «Хаятт Редженси Душанбе» конфронси миллӣ таҳти унвони «Сатҳи зиндагӣ ва рушди инсон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ гузаронида шуд. Дар кори конфронс зиёда аз 120 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии хориҷӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок карданд. Дар рафти конфронс натиҷаи тадқиқот дар мавзӯи «Баҳогузорӣ ба хусусиятҳои камбизоатӣ дар Тоҷикистон — соли 2009» пешкаши мутахассисону коршиносон карда шуд. Дар конфронс намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Олексий Ивашенко қайд кард: — «96 фоизи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия қарор дошта 55 фоизи онҳо дар сохтмон ва 35 фоиз ба корҳои маошашон паст машғуланд. Авҷи сохтмонҳо дар Федератсияи Русия паст мешавад, бинобар ҳамин талабот ба коргарони хориҷӣ низ кам хоҳад шуд». Тадқиқоти гузаронидашуда дар давоми солҳои 2003 – 2007 нишон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 72 фоиз то ба 53, 5 фоиз поён рафт. Бо вуҷуди беҳбудии вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам камбизоатӣ ва фақирӣ миёни аҳолӣ ҷой дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






