МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КАМ ШУД
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар 9 моҳи соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 313,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 17,8 фоиз кам аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноати пахтатозакунӣ (74,8 фоиз), маҳсулоти саноати пахтагин (90,5 фоиз) ва абрешимӣ (63,7 фоиз) коҳиш ёфтааст. Дар айни ҳол, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ (137,5 фоиз) ва кашбофӣ (105,3 фоиз) зиёд шудааст. Аз 149 корхонаҳои соҳа танҳо 45 фоизашон истеҳсолотро нисбат ба 9 моҳи аввали соли 2008 зиёд намудаанд. Дар саноати озуқаворӣ бошад, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 792,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 15 фоиз кам аст. Аз ҷумла истеҳсоли корхонаҳои саноати равғану чарбӣ — 62,9 ва дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ 85,2 фоиз коҳиш ёфтааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






