МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ШМАТКО
Нимаи дуюми рӯз 20-уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Федератсияи Русия, Раиси қисмати Русиягии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои ду кишвар Сергей Шматкоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили омодагӣ ба сафари пешомади давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия зоҳир гардид. Рафти татбиқи аксари санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла мувофиқаҳое, ки миёни сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев оид ба сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори обии барқӣ моҳи августи соли гузашта ба даст омада буд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Суръат ва ҳаҷми корҳои ширкати Газпроми Русия оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи газ низ дар Тоҷикистон нокифоя маънидод карда шуд. Таъкид гардид, ки аз 4 кони газ, ки ба ихтиёри ширкати Газпром вогузор шудааст, танҳо дар як — тоаш корҳо оғоз ёфтаанду бас. Бо вуҷуди камбудиҳои мавҷуда ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, нафту газ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва хоҷагии об, мудофиаву амният, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таъкид намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба рушди ҳамкориҳои имрӯзаи ду кишвар такони нав мебахшад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






