МУСУЛМОНОНИ ЧИН ПАЙРАВОНИ МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМАНД?
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар шумораи навбатии маҷаллаи «The Studies of Islamic Culture», нашри Пекин, мақолаи тадқиқотии Директори пажӯҳишгоҳи Дунганшиносии Донишгоҳи марказии миллатҳои Чин профессор Ху Чженхуа «1310 — солагии зодрӯзи Имоми Аъзам Абуҳанифа» чоп шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин иттилоъ доданд. Дар мақола гуфта мешавад, ки «Дар ҳудуди Чин зиёда аз 20 миллион мусулмонон умр ба сар мебаранд ва кулли онҳо дар масоили фиқҳ, қонунҳои шариат, эътиқод ва ахлоқ пайравони таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Сабаби ин равандро профессор Ху Чженхуа дар гузаштагони мусулмонони Чин медонад. Ба ақидаи ин олим гузаштагони мусулмонони Чин намояндагони миллати форс мебошанд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ба Чин омадаанд. Қаблан олимони Чин намояндагони қавми «Даши» — ро аз миллати араб медонистанд, аммо ба ақидаи Ху Чженхуа калимаи «Даши» дар талаффузи забони қадимии чинӣ ҳамчун «DA-DJEK» «ТAD-JIK» садо медиҳад. «Мусулмонони Чин бо миллати тоҷику ва халқҳои Осиёи Марказӣ пайванди зичи таърихӣ доранд, ки ин дар навбати худ барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард», — навиштааст олими Чин Ху Чженхуа.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






