ПОЙАФЗОЛИ ГЕРОИНДОР
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 18 октябр кормандони шӯъбаи дохилии ноҳияи Ғончӣ дар натиҷаи гузарондани амалиёт як сокини ноҳияи Спитамен (барои рафти тафтишот, аз ошкор намудани номи гунаҳкор худдорӣ намуданд) дастгир карданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ иттилоъ дод, ҳангоми боздошт аз дохили сумкаи дар даст буда, ду ҷуфт пойафзоли нави мардона меёбанд. Мувофиқи маълумоти шӯъбаи ташхиси криминалии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар дохили пойафзол маводи навъи героин, ки вазнаш 1 кг 107 граммро ташкил медод, ҷой карда шудааст. Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 200 (қ.4) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






