ПРЕЗИДЕНТ ДАР РОҒУН

Октябрь 28, 2009 16:24

                 28-уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва сӯҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги аср ташриф овард.                   Зимни шиносоӣ дар мавзеъҳои сершумори сохтмонӣ, аз ҷумла иншооти бузурги зеризаминӣ бори дигар аён гашт, ки бинокорони диловари ин нерӯгоҳи азим барои омодагӣ ба бастани маҷрои дарёи пуртуғёни Вахш дар ҷойи бунёди сарбанд шабу рӯз софдилона ва ғайрату тавони камназир заҳмат кашида истодаанд.                   Бастани маҷрои дарёи Вахш тибқи нақша дар мӯҳлатҳои наздик оғоз меёбад ва навбати якуми нерӯгоҳи обии Роғун дар муддати се – чор соли оянда бо ду агрегати аввал бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.                   Айни ҳол барои оғози бунёди сарбанд миллионҳо тонна сангу шағал захира карда мешавад. Дар сохтмони нерӯгоҳ ва омодагӣ ба бунёди сарбанди он имрӯз дар ин ҷо беш аз 6,5 ҳазор мутахассисону коргарон машғули коранд, ки аксари кулли онҳо кадрҳои тоҷику тоҷикистонӣ ва парвардагони мактаби гидроэнергетикии кишвари моанд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз як сол пеш дар ин ҷо ҳамагӣ 600 нафар кор мекард ва ин бешубҳа аз вусъати бесобиқаи корҳои сохтмонӣ дар бунёди нерӯгоҳи азими Роғун гувоҳӣ медиҳад. Гузашта аз ин, иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик шумораи мутахассисону коргарон дар ин ҷо ба зиёда аз 13 ҳазор нафар расонда мешавад.                  Бо илова шудани 100 адад мошинҳои БелАЗ ва дигар мошинҳои дигари пуриқтидор имрӯз шумораи техникаи сохтмонию боркашӣ дар ин иншооти азим ба зиёда аз 700 адад расидааст. Ба гуфти шоҳидону мутахассисони ҳолдон дар серкортарин давраҳои замони шӯравӣ ҳам дар ин ҷо ин қадар техника вуҷуд надоштааст.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мавзеъҳои сохтмонии нерӯгоҳи азими Роғун бо рафти корҳо аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти корхонаю муассисаҳои сершумори сохтмонӣ, ки ба ин ҷо ба кор ҷалб шудаанд, машварати корӣ анҷом дод. Дар машварати мазкур, ки бо иштироки роҳбарияти тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомоти идории дахлдор доир гардид, натиҷаҳои корҳои анҷомёфта баррасӣ шуда, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас гардиданд.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 28, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд