СЕМИНАР ДАР МУЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи Маҳаллии Тараққиёти ноҳия ва ташкилоти байналмиллалии дар ин мавзеъ фаъолиятдошта, семинар дар мавзӯъи "Такомули қобилияти кормандони мақомоти худидораи маҳал" баргузор гардид, ки дар он намояндагии мақомоти маҳалии ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалинг, Мӯъминобод ва Темурмалик иштирок намуданд. Ҳадаф аз гузаронидани семинари мазкур шинос намудани намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияҳо бо фаъолияти Кумитаи Маҳалии Тараққиёти ноҳияи Мӯъминобод, ки 5 сол қабл таъсис дода шуда, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ҳамчунин расонидани кӯмаки пайвастаи иҷтимоию иқтисодӣ ба мардумро мароми хеш қарор додааст, бо мақсади дар оянда ҷорӣ намудани ин таҷриба дар дигар ноҳияҳои кӯҳистони ҷануби кишвар маҳсуб меёбад. Зимнан ёдрас менамоем, ки Кумитаи маҳаллии тарақиёти ноҳияи Мӯъминобод ҳанӯз панҷ сол қабл созмон дода шуда, дар ин давра ҷиҳати ободонӣ ва некӯаҳолии сокинони ноҳия беш аз 130 лоиҳаро қабул ва амалӣ гардонидааст. Мутасаддиён ташкил ва гузаронидани чунин семинарҳоро дар ноҳияҳои дигари кӯҳистони ҷануби мамлакат бо иштироки роҳбарони ноҳияҳо ба нақша гирифтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






