«ТОҶИКСЕМЕНТ» АЗ АНГИШТСАНГ ИСТИФОДА МЕНАМОЯД

Октябрь 22, 2009 11:08

                 Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То охири соли 2009 дар Ҷамъият саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиксемент» коргоҳи истеҳсолоти дуюм, ки аз ду печ иборат аст, як печаш бо истифода аз ангиштсанг ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини директори ҶСШК «Тоҷиксемент» Фазила Сафарова иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки коргоҳи истеҳсолии дуюми корхона ҳанӯз 60 сол муқаддам, соли 1949 ба истифода дода шудааст.                   Фазила Сафарова афзуд, ки ҳадафи ба кор андохтани коргоҳ бо истифода аз ангишт, баланд будани нархи гази табиӣ мебошад, ки алҳол корхона 1000 куби онро аз ҶСШК «Тоҷиктрансгаз» ба маблағи 285 доллари амрикоӣ харидорӣ менамояд.                  Мавриди зикр аст, ки ҶСШК «Тоҷиксемент» яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ буда, хати якуми технологии истеҳсоли семент тавассути печи даврзанандаи дарозиаш 25 метра бо истифодаи ангиштсанг соли 1942 сохта ба истифода дода шуда буд.                    Дар давоми солҳо дар асоси азнавсозиҳо ва таҷдидҳои техникӣ иқтидори истеҳсолии корхона ба 11 00000 тонна семент дар як сол расонида шуд.                   Алҳол, дар корхона ду навъи семент –сементи қатории «М-400» ва сементи тобовари «М-4» истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолии корхона- семент барои сохтмони иншооти муҳими стратегии мамлакат истифода мешаванд.                  Бояд тазаккур дод, ки корхона дорои 23 коргоҳ буда, дар он беш аз 1000 нафар коргар дар се баст фаъолият менамоянд.

Октябрь 22, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ